6-уми марти соли 2018 соати 16:00 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон бахшида ба истиқболи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳи намоиши «Зан – Модар – Олиҳа» ва Рўзи модар баргузор мегардад. Дар намоиш зиёда аз 60 адад асарҳои мусаввирии занони тоҷик ба марази тамошо гузошта шудаанд. 6-уми марти соли 2018 соати 16:00 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон бахшида ба истиқболи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳи намоиши «Зан – Модар – Олиҳа» ва Рўзи модар баргузор мегардад. Дар намоиш зиёда аз 60 адад асарҳои мусаввирии занони тоҷик ба марази тамошо гузошта шудаанд.  Асарҳои Н. Хамидова «Марвориди Шарқ», Сатучина З. «ғуруб», Улҷабаева М. «Тирамоҳ», Давлатшоева З. «Манзара», Носирова М.  санъати батик «Тобистон», Хоҷиева С. «Баҳор», Камолова Б. «Туй», Мардихудоева У. «Натюрморт», қурбонова Л. «Тирамоҳ», Боронова С. «Рақс», Бойматова М. санъати кундал «Натюрморти баҳорӣ», Хамидова Ш. «Баҳор», Ли Света «Композиция», Газарян А. «Автопортрет», Карнаухова В. «Хушбахтии модар», Хамитова Ф. «Дугонаҳо» ва дигарон толорҳои намоиширо оро медиҳанд.  Намоиш аз ҷиҳати васеии доираи мавзўъ ва гирдовардани эҷодкорони гуногун гуногуншакл аст. Санъати мусаввирии Тоҷикистон бо шакли мукаммалу мундариҷаи амиқаш ин ҷо манзур мегардад. ҷустуҷўҳои эҷодӣ баҳри ифодаи моҳияти ҳодисаҳо, на шакли зоҳириашон, барои инъикоси он пайдо намудани воситаҳои возеҳ, баъзан хеле бурро ва ғайри чашмдошт, гувоҳи онанд, ки рассомон роҳҳои ифодаи пурэҳсоси ғояҳои замонавиро фаъолона ҷустуҷў менамоянд, барои амиқтар дарк намудани моҳияти ҷараёнҳои ҳастӣ ва мазмуни он саъю кушиш мекунанд.  Баландмақомии ин намоиш умуман боз дар он аст, ки дар ҷумҳурӣ коллективи боқуввати занони мусаввирии тоҷик ба вуҷуд омада, эҷодкорони алоҳидаи баландистеъдод ба воя расидаанд. Як қатор иштирокчиёни ин намоиш узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва омузгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мебошанд.  Намоиши «Зан – Модар – Олиҳа» аз 06.03.2018 то 16.03.2018 идома меёбад.  Бо камоли эҳтиром Шуморо ба намоиш даъват менамоем.

Нишонӣ: ш. Душанбе, кўчаи Айнӣ 31
Телефон барои тамос: 93-335-93-09