Рӯзи 2 декабри соли 2017, соати 11:00 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии ш. Кӯлоб намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Зебоӣ — наҷотбахши ҳаёт» ифтитоҳ гардид, ки дар он зиёда аз 50 адад офаридаҳо ба намоиш гузошта шуданд. Намоиш ба ифтихори «СОЛИ ҶАВОНОН» ташкил карда шуд. Дар намоиш мусаввараҳои рассомон аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ, корҳои ороишӣ – амалии устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Рассоми Халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Савзалӣ Шарипов, Рассоми Халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуфҷон Сангов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакаров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшо Довутов, муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Каримҷон Наҷмиддинов, рассом — кулолгар Бахтиёр Одинаев, рассом — мусаввир Наргис Ҳамидова, рассомони ҷавони умедбахш Беҳрӯз Забиров, Равшан Рӯзибоев, Эраҷ Олимов, Фируза Ҳамитова, Лайло Қурбонова, Меҳриддини Абдусаид ва Саодат Боронова, инчунин наққошиҳои (кундал) Маҳмадкарим Рақибов, асарҳои кандакории Саид Маҳмудов ва Азиз Гадоев, маҳсулоти заргарии усто Абдураҳмон Назирматов ба тамошобинон пешкаш шуданд. Дар баробари устодони варзида маҳсули дастони донишҷӯён ба монанди мусаввараҳо, кандакорӣ, наққошӣ, гобелен (бофандагӣ) ва лоиҳаҳои дизайнерӣ пешниҳод гардиданд.

Бояд қайд намоем, ки соли 2017 хатми аввалини ин даргоҳи ҳунар баргузор гардид. Аввалин корҳои дипломии хатмкунандагони мазкур низ ба намоиш гузошта шуданд.

Сухани ифтитоҳӣ ба ректори донишкада номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат дода шуд.

Сипас муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, муовини директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ЗафарИброҳимзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Абдулло Ҳабибулло, намоянда аз Ҳукумати шаҳри Кӯлоб Насриддинзода, рассомон Мизроб Холов ва Исуфҷон Сангов, инчунин директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии ш. Кӯлоб баромад намуданд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Рассоми Халқии Тоҷикистон Исуфҷон Сангов ба Осорхонаи мазкур 8 асари санъати тасвирӣ¬ ва китоби феҳристи корҳои эҷодии худро тақдим намуданд.

Дар фарҷом барои меҳмонон намоиши тамсилаҳои либос, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси «Дизайни костюм» тарҳрезӣ ва дӯхта шудаанд, пешниҳод гардид (мудири кафедра – тарроҳи шинохта Маргарита Сотникова).

Инчунин, ҳайати сафарӣ ҳангоми бозгашт аз ёдгории таърихии асрҳои IX-XI Ҳулбук дидан карданд.

Намоиши мазкур то санаи 9 декабри соли 2017 идома меёбад.

З.Иҷрокунанда: Ҳамидова Н.А. Тел: 2217257