Рӯзи 15 ноябри соли 2017, соати 14:00 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Зебоӣ — наҷотбахши ҳаёт» ифтитоҳ гардид, ки дар он зиёда аз 50 адад офаридаҳо ба намоиш гузошта шуданд. Намоиш ба ифтихори «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» ва «СОЛИ ҶАВОНОН» ташкил карда шуд. Дар намоиш мусаввараҳои рассомон аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ, корҳои ороишӣ – амалии устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Рассоми Халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуфҷон Сангов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакаров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшо Довутов, муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Каримҷон Наҷмиддинов, рассом — кулолгар Одинаев Бахтиёр, рассом мусаввир Наргис Ҳамидова, ва рассомони ҷавони умедбахш Беҳрӯз Забиров, Равшан Рӯзибоев, Эраҷ Олимов, Фируза Ҳамитова, Лайло Қурбонова, Меҳриддини Абдусаид ва Саодат Боронова, инчунин наққошиҳои (кундал) Маҳмадкарим Рақибов, асарҳои кандакории Саид Маҳмудов ва Азиз Гадоев, маҳсулоти заргарии усто Абдураҳмон Назирматов ба тамошобинон пешкаш шуданд. Дар баробари устодони варзида маҳсули дастони донишҷӯён ба монанди мусаввараҳо, кандакорӣ, наққошӣ, гобелен (бофандагӣ) ва лоиҳаҳои дизайнерӣ пешниҳод гардиданд.

Бояд қайд намоем, ки соли 2017 хатми аввалини ин даргоҳи ҳунар баргузор гардид. Аввалин корҳои дипломии хатмкунандагони мазкур низ ба намоиш гузошта шуданд.

Сухани ифтитоҳӣ ба ректори донишкада номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат дода шуд.

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ ва директори Осорхонаи вилоятии ш. Қурғонтеппа Гулистон Пиракова баромад намуданд.Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ ва директори Осорхонаи вилоятии ш. Қурғонтеппа Гулистон Пиракова баромад намуданд.

Дар фарҷом барои меҳмонон намоиши тамсилаҳои либос, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси «Дизайни костюм» тарҳрезӣ ва дӯхта шудаанд, пешниҳод гардид (мудири кафедра – тарроҳи шинохта Маргарита Сотникова).

Намоиши мазкур то санаи 19 ноябри соли 2017 идома ёфт.

З.Иҷрокунанда: Ҳамидова Н.А. Тел: 2217257