Дар Стратегия миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдиқ шудааст, чунин омадааст: “Дар давоми 10 соли наздик дар низоми таҳсилоти умумӣ тағйироти куллӣ ба миён хоҳад омад. Ин бо гузариш ба таҳсилоти ба салоҳиятнокӣ равонагардида бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст”.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯзҳо дар мадди назари аҳли маорифи мамлакат қарор дорад, шарҳу тавзеҳи истилоҳи “салоҳиятнокӣ”, мазмуну мундариҷаи он ба шумор меравад ва ин баҳс қобили таваҷҷуҳ аст, зеро таҳсилоти муосир пур аз ғояҳои навини методу тарзҳои гуногуни таълим буда, татбиқи онҳо рушду нумӯи соҳаро таъмин менамояд.

Маҷмӯан, салоҳиятнокии таҳсилотӣ ифодакунандаи таносуби матлуб байни донистан ва тавонистан, маҷмӯи талаботи ба тайёрии таҳсилотии хонанда, ба донишандӯзӣ, малака, маҳорат, таҷрибадории ӯ пешниҳодшаванда мебошад.

Тарбия ҷавҳари таълими салоҳиятнокиро ташкил медиҳад. МТМУ, МТОК ва омӯзгор бояд инсони ташаккулёфтаро омодаи шоҳроҳи зиндагӣ созанд.

Соли 1996 (дар ҷаласаи ЮНЕСКО) Жак Делор ба чор ҷанбаи салоҳиятҳои толибилмону донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки МТМУ ва МТОК бояд ба хонанда маърифат кардан, иҷро кардан, якҷоя зиста тавонистан, зиста тавонистанро омӯзад. Моҳи марти соли1996 дар Шӯрои Аврупо масъалаи ислоҳоти маориф баррасӣ гардида, ба салоҳиятҳои калид (асос) – ӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Бо назардошти ҳамин талабот яке аз муҳаққиқони асосии таълими салоҳиятнокӣ Г. Халаж (G. Halasz) махсусияти демократӣ, бисёрзабонӣ, бисёрфарҳангӣ, талаботи бозори меҳнат, дигаргуниҳои иқтисодии кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро ба назар гирифта, силсиласалоҳиятҳоро пешниҳод намуда буд. Дар асоси ҳамин гуна пешниҳодҳо Шӯрои Аврупо барои аврупоиёни ҷавон доштани салоҳиятҳои асосии зеринро муҳим шуморида буд:

– салоҳиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ба мисли қобилияти қабул кардани масъулият дар қабули якҷояи қарорҳо, ҳалли муноқишаҳо бе истифодаи зӯроварӣ, иштирок дар инкишофи институтҳои демократӣ;

– салоҳиятҳои бо зиндагӣ ва ҷомеаи бисёрфарҳангӣ алоқаманд. Дар шароите, ки таҳаммулнопазирӣ, нажодпарастӣ, ксенофобия авҷ мегирад, маориф бояд “наврасону ҷавононро бо салоҳиятҳои байнифарҳангӣ, ба мисли эҳтироми тарзи зисти дигарон, қобилияти ҳамзистӣбо намояндагони фарҳангҳо, забонҳо, динҳои дигар” мусаллаҳ гардонад;

– салоҳияти бо муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ алоқаманд буда, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ хеле муҳиманд. Дар ин гуна маврид тарбияи ҳар чӣ бештар забонҳои дунё талаб карда мешавад;

– салоҳиятҳое, ки бо афзоиши пуриттилоъгардии ҷомеа алоқамандӣ доранд. Маҳорати истифодаи дуруст аз технология, аз иттилоот, рекламаҳои тариқи ВАО паҳншаванда, муҳокимаи интиқодии онҳо;

– қобилиятҳои идома додани омӯзиш дар давоми зиндагӣ дар заминаи ҳаёти шахсӣ ва касбӣ (тахассусӣ). Моҳияти салоҳиятҳои асосиро иҷтимоишавии шахс ташкил медиҳад. Инҳо маҷмӯи қобилиятҳое мебошанд, дар тамоми фанҳо ташаккул дода мешаванд ва нақши тарбиятгарии омӯзгор дар ин маврид муҳим аст, агар омӯзгор салоҳиятнок набошад, ҳоҷати сухан дар бораи ташаккули салоҳиятҳои асосӣ нест!

Мафҳумҳои “салоҳият” ва “босалоҳият”-ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои “компетенция” ва “компетентность”, ки аз забони лотинӣ (competens, competentis) ба забони русӣ иқтибос шудаанд, истифода мебаранд. “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” – мафҳуми салоҳиятро лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазоворӣ шарҳ медиҳад. Дар ин мақола тасмим гирифтем, ки мафҳумҳои “салоҳият” ва “босалоҳият” — ро ба мақсади ифодаи истилоҳи соҳаи маориф истифода намуда, танҳо маъно ва тафсири ба ҳамин соҳа мутааллиқи онро баррасӣ хоҳемнамуд.

Бинобар ин, тафсири мафҳумҳои мазкурро аз сарчашмаҳои мухталифи илмӣ меорем. Дар Луғати истилоҳоти Хазинаи аврупоии таҳсилот мафҳуми салоҳият (компетенсия) чунин шарҳ дода шудааст:

1. хуб ва пурсамар иҷро намудани қобилияти амале;
2. мутобиқ будан ба талаботи вазифавӣ (касбӣ);
3. қобилияти иҷрои вазифаҳои махсуси меҳнатӣ.

Дар стандарти фаннии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мафҳуми “салоҳият” чунин тафсир шудааст:

Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде мебошанд, ки ба мақсади ҳалли масоили мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар баъзе адабиёти илмӣ мафоҳими салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат муштарак истифода мешаванд. Бо такя бар ташреҳи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси босалоҳият амалеро хуб, қобилиятнок ва боэътимод иҷро карда метавонад. Таваҷҷуҳи асосӣ дар таълими босалоҳият ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ, вазифавӣ) нигаронида мешаванд. Таълими босалоҳият ба саволҳои: “Шогирд (толибилм ё донишҷӯ) чӣ кор карда метавонад?”, “Шогирд (толибилм ё донишҷӯ) кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?” ҷавоб медиҳад.

Донистан ё дониш дар таълими босалоҳият ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, бо намуна муқоиса кардан ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Салоҳиятро таълим намедиҳанд, балки салоҳият дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад. Босалоҳиятӣ натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти миллии кишвар ва ҷорӣ намудани низоми муосири таҳсилот тадбирҳои мушаххас ва судманд андешида шуда истодаанд, ки дар навбати худ ин гузариш яке аз талабот ва нақшаҳои амалии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад. Дар ин ҳуҷҷати муҳими соҳа қайд карда шудааст: “Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба омӯзандагон имконияти азхуд намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули масъулиятнокии қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти алоқадорӣ, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин намояд”.

Ҳамин тавр, Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти низоми таълимро мушаххас карда, гузаришро аз низоми кунунӣ (ба дониш асосёфта) ба низоми таълими салоҳиятнокӣ ба нақша гирифтааст.

Пеш аз баррасии низоми таълими салоҳиятнокӣ оид ба мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ” чанд андешае баён менамоем.

Мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ” аз забони лотинӣ (competens, competentis) гирифта шуда, ифодаи мафҳумҳои “компетенция “ ва “компетентность”-и забони русӣ буда, дар коргузорӣ ва иҷрои фаъолият истифода бурда мешавад.

Мафҳуми “салоҳият” дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ – лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазовор буданро ифода менамояд. Дар низоми маорифи миллӣ мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ” ворид шуда, ҳамчун истилоҳи соҳаи маориф истифода мешавад.

Тафсири мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ”-ро аз сарчашмаҳо баррасӣ намуда, итминон ҳосил менамоем, ки ба дарки он омӯзгорон ворид шуда, дар раванди таълими низоми салоҳиятнокӣ ба ташаккули салоҳиятҳои муайяни хонанда аҳамият медиҳанд.

Дар “Луғати истилоҳоти Хазинаи аврупоии таҳсилот мафҳуми салоҳият (компетенсия)” дар доираи ташаккули қобилияти ягон корро (амалро) хуб ва самаранок иҷро кардан, ба талаботи вазифавӣ (касбӣ) мувофиқ будан ва қобилияти иҷрои босифати вазифаҳои махсуси меҳнатӣ (таълимӣ) шарҳ дода шудааст.

Дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешавад.

Салоҳиятро дар низоми маориф метавон маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои таълимӣ, амалӣ нигаронида шудааст, номид.

Дар стандартҳои фанҳои “Забони модарӣ” ва “Математика” барои синфҳои ибтидоӣ (1-4) барои ҳар як синф чор салоҳият пешниҳод карда мешавад, ки аз маҷмӯи дониш, малака ва маҳорат иборат аст:

— салоҳиятҳои шинохтан ва истифодаи унсурҳои матн. Мафҳуми “унсурҳои матн” ба нутқи хаттии забони тоҷикӣ тааллуқ дошта, яке аз воситаҳои нутқ буда, ахбор ва муошират тавассути хат пешниҳод карда мешавад;

-салоҳиятҳои истифодаи стратегияҳои хониш. Стратегияҳои хониш ҷараёни фикрӣ буда, барои мустақилона хондан ва дарк кардани матн ёрӣ мерасонанд;

-салоҳиятҳои дарки маънои матн. Дар адабиёти илмӣ-методӣ барои тафсири дарки маънии матн мафҳумҳои “хониши бошуурона” истифода бурда мешавад. Дар аксари сарчашмаҳои таълимию методӣ хониши бошуурона чунин таъриф дода мешавад: “хониши бошуурона ҷараёни гирифтан ва сохтани маънӣ тавассути хондани нутқи хаттӣ мебошад”;

-салоҳиятҳои ҳамгироии хондану навиштан. Хондану навиштан раванди якхелаи сохтани маънӣ буда, ҳангоми хондану навиштан аксар вақт фаъолиятҳои таълимиро иҷро менамоянд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи Стратегияи рушди маориф то соли 2020 тадбирҳои амалиро ҷиҳати гузариш ба низоми таълими салоҳиятнокӣ андешида, таъкид менамояд, ки ин гузариш талаби рӯз буда, вобаста ба гузориши мақсад, принсип ва хусусиятҳои муайяни таълимӣ дар муқоиса ба низоми анъанавӣ дар баробарӣ баъзе умумиятҳо ва тафовути назаррас дорад. Аз ин рӯ, омӯзгорони ҳамаи зинаи тахсилоти умумиро зарур аст, ки оид ба низоми нави таълимӣ аз дастуру адабиёти дастрас ва таҳия мешуда, маълумоти зарурӣ гирифта, ҳангоми иштирок дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои омӯзишӣ дониши худро мустаҳакам ва пурра намоянд.

Омӯзгор ҳангоми гузариш ба низоми таълими салоҳиятнокӣ бояд донад, ки “салоҳият”-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳоратҳо дар хонанда ташаккул меёбад, салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорати аз худнамуда ё гирифтаи хонанда дар раванди таълим мебошад. Агар дар раванди таълими анъанавӣ хонанда аз матн (ҷумла) калимаҳои ифодакунандаи исм, сифат, феъл ва ғайраро муайян карда тавонад, пас низоми таълими салоҳиятнокӣ андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун на танҳо муайян, балки навишта метавонад.

Бояд қайд кард, ки низоми таълими салоҳиятнокӣ муносибатҳо ва раванди таълим хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ин хусусиятҳо дар муносибати хонанда ба таълим, нақши омӯзгор дар раванди таълим, муносибати омӯзгору хонандагон, хонандагону маводи таълим ва муносибат байни ҳамдигар таҷассум меёбад. Донистан ва дар амал татбиқ кардани ин хусусиятҳо ба омӯзгор имконият медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятҳоро баланд бардошта, ҳамзамон барои ташаккули шахсияти мустақил, озодандеш ва маърифатнок замина гузорад. Дар низоми таълими салоҳиятнокӣ раванди ташаккули салоҳиятҳо вақт ва муносибати мураккабро талаб мекунад. Дар муқоиса бо низоми таълими ба дониш асосёфта (анъанавӣ), низоми нав иҷрои амалҳои дараҷаҳои гуногуни мураккабӣ ва давомнокии номуайянро талаб мекунад.

Масалан, барои ташаккули салоҳияти “Хонанда андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун менависад”, хонанда бояд оид ба сохтори матн (мактуб, ҳикоя, гузориш, мақола ва амсоли он), сарфу наҳви забони тоҷикӣ дониши мукаммал дошта, тарзи баёни ақидаи худро дар сохтори муайяни матн машқ кунад, мустақилона нависад, матни эҷодкардаашро арзёбӣ кунад ва таҳриру такмил диҳад. дар чунин муносибати таълимӣ муҳим аст, ки ба хонанда дониши муайян аз сарчашмаҳои муайян (санҷидашуда, илман асоснок) тавассути омӯзгор (ё китоби дарсӣ) дода шавад.

Дар низоми таълими салоҳиятнокӣ аввал намунаи натиҷаи таълим (малака) таҳлилу баррасӣ мешавад. Сипас ба хонандагон имконияти мустақилона (ё бо роҳнамоии омӯзгор) машқ кардани малака дода мешавад.

Ҳамин тавр, омӯзгор бояд донад, ки низоми таълими салоҳиятнок, чунин низомест, ки дар татбиқи он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, ҳақиқӣ, функсионалӣ) равона мешавад.

Қисмати муҳими низоми таълими салоҳиятнокӣ ба арзёбии натиҷаҳои таълим нигаронида шудааст, яъне дар низоми таълими салоҳиятнокӣ ба мақсади муайян кардани дониш, малака ва маҳорати заминавии хонандагон; муайян кардани раванди азхудкунии малака ва маҳорати нав; муайян кардани сатҳи ниҳоии натиҷаҳои таълим арзёбӣ гузаронда мешавад ва он бояд воқеӣ ва инъикоскунандаи дониши амалии хонанда бошад.

Ҳамин тавр, ҳар як омӯзгор бояд ба ҳисоб гирад, ки дар низоми таълимии ба салоҳиятнокӣ нигаронидашуда амалӣ намудани зинаҳои зерини таълим ҳатмӣ ва муҳим аст: дар хотир гирифтан: фаҳмидан; истифода бурдан; таҳлил ва арзёбӣ намудан.

Адабиёт
1. Арзёбӣ дар низоми таълими салоҳиятнокӣ (Дастур барои омӯзгор). Модули 1. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н., Иргашева М., Зиёев Қ. -Душанбе, 2016.
2. Байденко А. Компетенции в профессиональном образовании // Высшее образование в России. – 2004. – № 11.
3. Банақшагирии дарс дар асоси стандартҳо, китоби дарсӣ ва замимаҳо (Дастур барои омӯзгор). Модули 2. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н., Иргашева М., Зиёев Қ.- Душанбе, 2016.
4. Болотов В.А., Сериков В.В. Компетентностная модель: от идеи к образовательной программе // Педагогика. – 2003. – № 10. – С. 8-14.
5. Делор Ж. Образование: сокрытое сокровище. UNESCO,1996.
6. Зимняя И.А. Ключевые компетентности как результативно-целевая основа компетентностного подхода в образовании. Авторская версия.-М.:Исследовательский центр проблем качества подготовки специалистов, 2004.
7. Лутфуллоев М. Педагогикаи милии халқи тоҷик(осори педагогӣ , ҷилди 6).–Душанбе. –2015.
8. Мединцева И. П. Компетентностный подход в образовании / И. П. Мединцева // Педагогическое мастерство: материалы II междунар. науч. конф. (г. Москва, декабрь 2012 г.). — М.: Буки-Веди, 2012.
9. Методика дар низоми таълими салоҳиятнокӣ (Дастур барои омӯзгор). Модули 3. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н., Иргашева м., Зиёев Қ.- Душанбе, 2016.-141с.
10. Мирсеитова С. Обучение как поиск и поиск для обучения: формы и методы развития критического мышления обучающихся. -КазАЧ, 2011.
11. Низоми таълими салоҳиятнокӣ (Дастур барои омӯзгор). Модули 1. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н., Иргашева М., Зиёев Қ.- Душанбе, 2016.
12. Петровская Л.А. Компетентность в общении.- М., 1989.
13. Равен Дж. Компетентность в современном обществе.Выявление, развитие и реализация. -М., 2002. (англ. 1984).
14. Сафин Д., Мусина Р., Мухторӣ Қ., Қурбонов С. ва диг. Усулҳои таълим ва омӯзиши ҳамфаъол. Дастури таълимӣ. -Душанбе, 2007.
15. Стратегия модернизации содержания общего образования. Материалы для разработки документов по обновлению общего образования. -М., 2001.

Мамадбеков Ҳ. – омӯзгори ДДСТДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *