Friday, April 19, 2024

Кафедраи “Дизайн ва меъморӣ”

Суюнов Эркин Собирович
мудири кафедра, иҷрокунандаи вазифаи дотсент.

E-mail:

Кафедраи дизайн ва меъморӣ зерсохтори таълимии факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни донишҷуён ва омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, тарбиявӣ ва методиро ба роҳ мемонад, ки он соли 2013 бо қарори Шӯрои олимони донишкада ташкил шудааст. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо тариқи овоздиҳии пинҳони дар Шӯрои олимони донишкада ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.

Кафедраи дизайн ва меъморӣ мувофиқи талаби замон дар ҳамаи факултетҳои донишкада барои ҳамаи тахассусҳо донишҷуёнро бо мақсади аз худ намудани донишҳои зарурӣ оид ба ихтисосҳои дизайни графикӣ, дизайни дохили бино, дизайни реклама, дизайни мебел ва меъмори манзаравӣ, таълим медиҳад.

Айни замон дар кафедра таълим аз рӯи панҷ ихтисос ба роҳ монда шудааст:

1– 69010106 – меъмории манзаравӣ;

1–19010103 – дизайни графикӣ;

1–19010103 – дизайни мебел;

1–1901010202 – дизайни дохили бино;

1–1901010402– дизайни реклама.

Кафедра дорои як адад устохона буда, он бо дастгоҳи лозима муҷҷаҳаз гардонида шудааст, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада пайваста аз он истифода мебаранд.

Дар кафедра беҳтарин дизайнерони Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ки ба донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ таълим медиҳанд. Таълими фанҳои тахассусӣ дар кафедра ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки лоиҳаҳоро омода намуда, макетҳои онҳоро худ бо кӯмаки омӯзгорон созанд. Ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ аз ихтисосҳои кафдра дар шакли сохтани макетҳо ва омода намудани банерҳо амалӣ карда мешавад.

Ба пеш

Бойгонӣ