Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз самими қалб шуморо бо иди Наврӯз муборак мегуяд. Ба Шумою наздиконатон таманно дорем, ки ҳаммаи он орзуҳои дар дил парваридаатон ҷомаи амал пушад. Бигузор ҳамеша саломат, сарватманд, таъби болида ва ҳаммаи баракати мавҷуда насибатон гардад. Хоҳишмандем, ки баҳори нав ба Шумо соли бурдборӣ ва кушоиш дар ҳалли муаммову ниятҳоятон гардад. Наврӯз иди на танҳо мардуми форсу тоҷик аст, балки алакай имрӯзҳо байналмиллалӣ гаштааст ва дар даҳо мамлакатҳои дунё ҷашн гирифта мешавад ва ин ифтихори мост. Дар Наврӯзи навбаҳорон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ хурсандиву баракати зиёдаро аз Худованд орзу карда ба ҳама тани бардавом ва ба ватану замона оромиро хоҳонем. Муборак бод Наврӯз!

Дар рўи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.