ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН

  Озмуни қабул ба идомаи таҳсил баъд аз коллеҷҳо ва маълумоти дуюм барои соли таҳсили 2018 — 2019 эълон  менамояд:

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қабули  донишҷӯёнро барои довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳои соҳавӣ)-ро хатм намуда, хоҳиши идомаи таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доранд ва ҳамзамон, довталабони хоҳиши гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбиро аз 01 июл то 15 августи соли 2018 эълон менамояд.

         Муҳлати гузаронидани суҳбат бо довталабон аз 15 то 25 августи соли 2018 дар донишкада муқаррар гардидааст.

Ба довталабон зарур аст ба комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

— ариза ба номи ректори донишкада;

— диплом бо замимааш дар бораи хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳои

соҳавӣ) ва ё муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ оиди фаъолияти корӣ вобаста ба ихтисоси интихобкарда;

— 1-дона делои шахсӣ, 1- дона конверт, 6 дона сурати 3х4 см;

— маълумоти тиббии шакли 086-у;

— варақаи шахсии бақайдгирӣ, шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 31 телефон барои  маълумот: 2217243; 93-335-19-85; 915807907.