Маълумотнома
оиди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) бо қарориҷукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №144, таъсис ва бо фармоиши Ҷукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, №96-ф, собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни донишкада гузаронида шудааст.

Ҳамзамон, барои донишҷӯёни донишкада бинои хобгоҳ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ-28 ҷудо гардидааст ва айни ҳол дар таъмири капиталӣ қарор дорад.
Дар донишкада ду факултет — «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ», «Графика ва санъатшиносӣ», факултети «Дизайн» бо кафедраҳои «Дизайн», «Санъати ороиши амалӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод», «Тарҳрезии бадеии либос» ва кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» дар назди ректорат ташкил гардидааст.
Аз моҳи январи соли 2014 дар донишкада шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ (барои хонандагони синфҳои 4 то 11) тариқи шартномавӣ ташкил ёфта, давомоти таҳсили курсҳо 3, 6 моҳа ва 1 соларо дар бар мегиранд.
Раванди таълим дар шуъбаи рўзона ва ѓоибона бо мўҳлати таҳсили 4 ва 5-сола, тариқи гуруҳҳои буҷетӣ ва шартномавӣ сурат мегирад. Бинои таълимии донишкада аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бахши дарсҳои амалӣ аз рўи тахассусҳо дар синфхонаҳои таҷҳизонидашуда-устохонаҳо ба роҳ монда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар донишкада аз рўи 18 равияи тахассусӣ устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ ба донишҷуён дарс мегўянд.
Комиссияи қабули донишкада ба маълумоти Шумо мерасонад, ки соли ҷорӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ аз руи ихтисос-(расмкашӣ, мусаввирӣ, композитсия, нақшакашӣ) дар бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва аз фанҳои ѓайритахассусӣ бошад, тариқи тестӣ ба воситаи Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Душанбе ва намояндагиҳои он дар маҳалҳо қабул ва гузаронида мешаванд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо №27 ва рамзи 213 ба қайд гирифта шудааст.