Низомномаи Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 Низомномаи мазкур дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муасссисаи олии таълимӣ”,  “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи мариф таҳия шудааст.

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Шӯрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (минбаъд Донишкада) дар назди ректор таъсис дода шуда, мақомоти идоракунандаи Донишкада ҳисобида мешавад.
  3. Вазифаи асосии Шӯрои олимон:

— муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерӯи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони муассисаи олии касбӣ;

— дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муасссисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— татбиқи амалии фармону дастур ва қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои мухталифи иқтисодиёт;

— мусоидат намудан ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи татқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;

— назорат аз болои қарорҳои қабулшуда.

П. Ҳайат ва фаъолияти Шӯрои олимон Донишкада

3.Шӯрои олимони Донишкада (минбаъд Шӯро) дар ҳайати ректор (раиси Шӯро), муовинони ректор (муовини ректор оид ба таълим — муовини раиси Шӯро), деканҳои факултетҳо ва директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва кормандони намоёни илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад.

4.Ҳайати Шӯро бо фармони ректори Донишкада ба муҳлати 3 (се) сол тасдиқ карда мешавад.

5.Ректори Донишкада дар мавридҳои лозимӣ вобаста ба зарурат метавонад ҳайат ва миқдори  аъзои Шӯроро тағйир диҳад.

  1. Дар ҳолати пеш аз муҳлат аз ҳайати Шӯро баромадан (бозхонд шудан)-и узви Шӯро, такмил ва тағйири теъдоди Шӯро дар аввали соли таҳсил сурат мегирад.
  2. Бо назардошти зарурати ба миён омада даровардани тағйирот ба ҳайати Шӯро дар давоми соли таҳсил сурат мегирад.

8.Ректор котиби Шӯроро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

9.Шакли асосии фаъолияти Шӯро ҷаласаи он дониста мешавад.

10.Нақшаи солонаи кори Шӯроро баъд аз баррасии он дар ҷаласаи Шӯро дар аввали соли таҳсил ректор тасдиқ мекунад.

11.Ҷаласаи Шӯро моҳе як маротиба доир мешавад.

12.Дар ҳолатҳои зарурӣ бо ташаббуси ректор (раиси Шӯро) ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.

13.Ҷаласаҳои Шӯро ҳамон вақт гузаронида мешаванд,ки агар аз се ду ҳиссаи аъзи Шӯро ҳузур дошта бошанд.

14.Қарори ҷаласаи Шӯро ҳамон  вақт ҳуқуқи амал пайдо мекунад, ки агар аз нисф зиёди аъзои Шӯрои дар ҷаласа ҳозир буда ба тарафдории вай овоз диҳанд.

15.Дар сурати бо қарори Шӯро розӣ набудани ректор ( аз ҷумлаи масъалаҳои баҳснок) масъала такроран барои баррасӣ гузошта мешавад ва дар муҳокимаи он бояд аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро иштирок намоянд.

  1. Санади Шӯро дар шакли фармон, қарори алоҳида ва ё нусха аз суратҷаласа мураттаб мегардад.
  2. Иҷрои қарори Шӯро барои тамоми субектҳои таркибии сохтори донишкада ва тамоми кормандон, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯён ҳатмӣ мебошад.

Ш.Ваколатҳои Шӯро

18.Доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Донишкада таклифҳо пешниҳод менамояд.

19.Масъалаҳои асосиро доир  ба амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ, таълимию тарбиявӣ, илмию тадқиқотӣ дар самти тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ муайян менамояд.

20.Номгӯи ихтисосҳо, тахассусҳо, курсҳои омӯхташаванда ва шумораи онҳо, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, оғоз ва анҷоми давраҳои таҳсили семестрҳои таълимиро муайян мекунад.

21.Масъалаҳои такмили идора ва сохтори Донишкада, аз ҷумла ташкил (барҳамдиҳӣ)-и марказҳо, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо, лабораторияҳо ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро баррасӣ менамояд.

22.Масъалаҳои асосии дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии донишкадаро баррасӣ менамояд.

  1. Мувофиқи тартиботи муқаррраршуда магистратура, аспирантура ва докторантура таъсис медиҳад.

24.Тибқи тартиботи ҷорӣ шуъбаҳо, намояндагиҳо, ихтиссосҳо ва тахассусҳои нав боз мекунад.

  1. Нақшаи дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ карда , тасдиқ менамояд.

26.Номгӯи ихтисосҳоро, ки аз рӯи он таҳсилот  дар Донишкада сурат мегирад, тасдиқ мекунад.

27.Дар бораи таъсис, азнавташкидиҳӣ ё барҳамдиҳии факултетҳо, кафедраҳо, дигар воҳидҳои таркибӣ (сохторӣ)-и Донишкада қарор  қабул намуда, самтҳои асосии фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

  1. Муқаррароти воҳидҳои таркибӣ (сохторӣ)-и Донишкада, инчунин дигар асноди танзимкунандаи фаъолият ва воҳидҳои таркибӣ (сохторӣ)-и марбути онро баррасӣ менамояд.

29.Харҷномаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси Донишкадаро  муҳокима ва тасдиқ намуда , ҳисоботи солонаи иҷрои харҷномаи мазкурро баррасӣ ва хулосагирӣ менамояд.

  1. Масъалаи ҷамъоварӣ, тақсим ва истифодаи маблағҳои махсуси Донишкадаро баррасӣ менамояд.

31.Ҳайат ва хулосаи қарори комиссияҳо ва шӯроҳои доимию муваққатан амалкунандаро тасдиқ мекунад.

  1. Комиссияи тафтишотиро интихоб,низомнома ва ҳисоботи онро тасдиқ мекунад.
  2. Имтиёзҳои мавҷударо бари ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ муқаррар ва татбиқ мекунад.
  3. Бо пешниҳоди ректор масъалаи пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани мудири кафедраро баррасӣ менамояд.

35.Мутобиқи тартиби муқарраршуда озмуни интихобшавӣ ба вазифаҳои мудири кафедра, профессор, дотсент, ходими хурд ва калони илмӣ мегузаронад.

36.Интихоби довталабонро ба тариқи озмун  барои ишғоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгорон  амалӣ мекунад.

  1. Қарори Шӯро дар ҳалли масъалаҳои ишғоли вазифа он гоҳ қабул карда мешавад, ки агар ба тарафдории он аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа ҳузур доранд, овоз диҳанд.

38.Ҳангоми баробарии овозҳо ё нагирифтани  миқдори зарурии овозҳо  пас аз фосилаи як моҳ дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи мазкур аз нав муҳокима гардида, мавриди овоздиҳӣ қарор дода мешавад.

  1. Мутобиқи тартиботи муқарраршуда барои дарёфти  унвонҳои илмии профессор  ва дотсент номзадонро пешбарӣ менамояд.
  2. Қарори Шӯро дар ҳалли масъалаҳои дарёфти унвонҳои илмии профессор ва дотсент он гоҳ қабул карда мешавад, ки агар ба тарафдории он аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа ҳузур доранд, овоз диҳанд.

41.Мутобиқи тартиботи муқарраршуда номзадҳоро барои интихоб ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд.

42.Унвони доктори ифтихории Донишкадаро ба арбобони давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ, олимони мамлакатҳои хориҷӣ медиҳад.

 

43.Барои гирифтани стипендияҳои номӣ номзадҳоро ,аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохону фаъол ва аспирантон  тавсия ва тасдиқ менамояд.

  1. Масъалаҳои тайёр намудан, такмили ихтисос ва ҳавасмандкунии кадрҳоро баррасӣ намуда, барои дохил шудан ба аспирантура, докторантура ва гузаронидани омӯзгорон ба вазифиаи ходими илмӣ ва анҷоми рисолаҳои докторӣ тавсияҳо медиҳад.

45.Дар хусуси ба омӯзгорон додани рухсатии эҷодӣ, фиристодан ба докторантура ва курсҳои такмили ихтисос розигӣ медиҳад.

46.Мавзӯи рисолаҳои номзадӣ ва докториро бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултетҳо ва шӯроҳои ташхисӣ тасдиқ менамояд.

47.Масъалаҳои муҳими таълим, корҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди Донишкадаро баррасӣ менамояд.

48.Нақшаи корҳои илмӣ- тадқиқотиро  тасдиқ менамояд.

  1. Масъалаҳои мубраме,ки мутбиқи Оинномаи Донишкада ба салоҳияти Шӯро вогузор гардидааст, ҳал менамояд.

50.Раиси Шӯрои олимон иҷрои мунтазами қарорҳои Шӯроро  зери назорат гирифта, роҷеъ ба он ҳар се моҳ як маротиба дар ҷаласаи Шӯро ахбор медиҳад.

51.Оид ба иҷрои нақшаи кори Шӯро котиби илмӣ ҳисобот медиҳад.

  1. Ҷаласаҳои Шӯро дар суратҷаласа қайд карда шуда, ба суратҷаласа раиси Шӯро ва котиби илмии он имзо мегузоранд.
  2. IV. Ректори Донишкадада дар ҳолатҳои зерин метавонад қарори Шӯроро бекор намояд:

-агар қарори қабулшуда хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармону қарорҳои мақомоти болоӣ бошад;

-агар қарори қабулшуда берун аз салоҳияти Шӯро бошад;

-агар қарори қабулшуда ба ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти илмию методии Донишкада зараровар бошад;

-агар қарори қабулшуда аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад.