ИБРОҲИМОВ МУРОДАЛӢ ФАЙЗАЛИЕВИЧ

ДАСТУРАМАЛИ ВАЗИФАВИИ

ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба корҳои таълим

Дастурамали мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамали вазифавии ноиби ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои таълим», ки бо қарори мушовараи  Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.11.2011 № 21/25 тасдиқ гардидааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

  1. Муқаррароти умумӣ
  • Ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба корҳои таълим бо фармоиши ректори ДДСТДТ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  • Ба вазифаи ноиби ректор оид ба корҳои таълим шахсе интихоб карда мешавад, ки таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5-солаи педагогӣ ё вазифаҳои роҳбарикунанда, ҳамчунин унвони профессор, дотсент ва ё дараҷаи номзади илм ва ё доктори илмро соҳиб бошад.
  • Ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба корҳои таълим дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф фаъолият менамояд.
  • Ноиби ректор оид ба корҳои таълим аъзои Шӯрои олимон ва раиси Шӯрои илмию методии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
  • Ноиби ректор оид ба корҳои таълим санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, комёбиҳои ватанию хориҷӣ масъалаҳои ташкили ҷараёни таълимию тарбиявӣ, методика доир ба такмили корҳои таълим, технологияҳои пешқадами таълимӣ, қонунгузориҳо доир ба меҳнат, қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ аз сӯхторро бояд донад.
  • Ноиби ректор оид ба корҳои таълим барои иҷро накардани вазифаҳое, ки дар ӯҳдааш мебошад, татбиқи барномаҳои таълимӣ, ҷадвали ҷараёни таълим, сифати тайёр намудани мутахассисон, ҳаёт ва тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳо ва озодии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бо муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ҷавобгар мебошад.
  • Ноиби ректор оид ба корҳои таълим дар мавриди ба тариқи зарурӣ иҷро накардан ё ба сомон нарасонидани ӯҳдадориҳои вазифавии худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳангоми дар ҷараёни фаъолияти худ ба қонунвайронкунӣ роҳ додан, расонидани зиён ва дигар амалҳое, ки дар доираи қонунгузории амалкунандаи меҳнатӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  • Ҳангоми набудани ректор вазифаҳои ӯро бо тартиби муқарраршуда ба иҷро мерасонад.
  1. Ӯҳдадориҳои ноиби ректор оид ба корҳои таълим

1) Ноиби ректор оид ба корҳои таълим ӯҳдадор аст:

Корҳои таълимию методии муассисаи таҳсилоти олии касбиро ташкил кунад.

2) Фаъолияти шӯъбаҳои таълимию методӣ, ахборию таҳлилӣ, воситаҳои техникии таълим, тайёрӣ, қисматҳои сохтории Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, озмоишхонаҳо ва устохонаҳои таълимро назорат намояд.

3) Фаъолияти мӯътадили тамоми самтҳои ҷараёни таълимро таъмин намуда, фаъолияти ба нақша гирифтаи ҷорӣ ва ояндаи ҳайати профессорону омӯзгоронро ташкил ва назорат намояд.

4) Фаъолияти факултет ва кафедраҳои муассисаи таҳсилоти олии касбиро ташкил ва назорат намояд.

5) Сифати ҷараёни таълиму тарбия ва баҳои объективонаи натиҷаҳои донишандӯзии донишҷӯёнро назорат намояд.

6) Сарбории ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуёнро назорат намуда, онро ба танзим дарорад.

7) Корро доир ба омода намудан ва гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, аттестатсияи ниҳоии давлатӣ ва ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва рисолаҳои хатмро ташкил кунад.

8) Тадбирҳоро доир ба истифода ва татбиқ намудани технологияҳои пешқадами маълумот дар ҷараёни таълим таҳия ва ба нақша гирад.

9) Баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва маҳорати касбии ҳайати профессорону омӯзгоронро ташкил намояд.

10) Дар бобати такмил додани ҷараёни таълим пешниҳодҳо намояд.

11) Дар омода намудан ва гузаронидани аттестатсияи кормандони педагогӣ ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ саҳм гирад.

12) Доир ба истифодаи самарабахши пойгоҳи моддию техникӣ корро ташкил намуда, таҷдидсозӣ ва пуррагардонии мунтазами онро таъмин намояд.

13) Риояи Қоидаҳои тартиботи меҳнати дохилӣ, қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхторро назорат менамояд.

14) Сифати машғулиятҳо ва таҷрибаомӯзии истеҳсолиро назорат менамояд.

15) Ҷиҳати таълифи китобҳои дарсӣ, илмӣ-методӣ ва ғайра нақша таҳия месозад.

16) Конференсияҳои таълимию методӣ ва илмию методӣ доир ба масъалаҳои мухталифи марбути муассисаи таълимӣ ташкил менамояд.

17) Оид ба иҷрои амру фармонҳо ва нишондодҳои ташкилотҳои болоӣ, қарорҳои Шӯрои олимон ва ректорат, ки марбути масъалаҳои таълимию методӣ мебошанд, санҷиш мегузаронад.

18) Масъалаҳои интиқолу барқарор, хориҷ, пешниҳод барои гирифтани стипендияро дар якҷоягӣ бо деканҳои факултет баррасӣ мекунад.

19) Ба ҷараёни таълимӣ ворид намудани фанҳои нави таълимие, ки бобати тайёр намудани кадрҳое, ки иқтисоди бозоргонӣ ба онҳо ниёз дорад ва бо ин роҳ суръатбахшидан ба ҷараёни гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ;

  1. Ҳуқуқ ва вазифаҳои ноиби ректор оид ба корҳои таълим

Ноиби ректор оид ба корҳои таълим ҳуқуқ дорад, ки:

1) Оид ба беҳтар намудани сифати таълим ба ректор таклифҳо пешниҳод намояд.

2) Аз номи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баромад ва онро муаррифӣ кунад.

3) Аз роҳбарони тамоми шӯъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида иттилоот ва асноди заруриро дархост намояд.

4) Ба роҳбарони тамоми шӯъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида амру фармон диҳад.

Мувофиқа карда шуд:

Ноиби ректор оид ба таълим                        Иброҳимов М.

Сардори шуъбаи кадрҳо

ва корҳои махсус                                          Давлатова Г.

Ҳуқуқшинос                                                  Саидов Ҷ.