Мӯхтарам модарон, апаҳо, хоҳарон ва ҷумла бонувони Точикистон!
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шуморо аз самими қалб бо ин рӯзи шараф, ки иди модарон дар ҷаҳон машҳур аст табрик гуфта ба шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, баракати кор, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем. Модар аз азал ва дар ҳама давру замон иззату икром ва эҳтироми хоссаро сазовор буду ҳаст. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, нахустин муаллими фарзанд мебошад. Худованд ба Зан-модар қудрате ато фармуда, ки офарандаи ҳаёт ва чароғи ҳар хонадон бошад. Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Аргушти накхати гул дар бустон муборак,
Ракси фари парасту дар осмон муборак.

Рав, дарду гам, ки шодем хони фарах гушодем,
Паймони фарахзо бар гамкашон муборак.

Дунё пур аз фасона, дилхо пур аз тарона,
Фасли фасонаи ишк эй модарон муборак,

Дар чодаи халоси, аз бодаи халоси,
Риндона нуш кардем, чоно чахон муборак,

Як дастро садо нест, як тор хушнаво нест,
Пайванди худшикаста, то човидон муборак,

Мо як танему чон, мо як танему як рух,
Эй чисми хастаармон, як рухи чон муборак,