Санъати заргарӣ як намуди зуҳуроти эҷодиёти халқ маҳсуб меёбад. Намунаҳои қадимаи ин санъат дар сарзамини бостонии Тоҷикистон, тибқи таҳқиқотҳо, дар қабатҳои мезолит ёфт шудаанд. Ин гувоҳи таърихи хело қадим доштани ин ҳунари халқи мост. Аз айёми қадим маълум аст, ки хунармандони заргар дар баробари таҳия ва сохтани маснуотҳои ороишӣ, дар эҷоди дигар намуди ашёҳои рӯзгор саҳми арзандае гузоштаанд.

     Аз таҳқиқоти муҳаққиқони гузашта маълум аст, ки маснуотхои заргарӣ ҳамчун як маҳсулоти ҳунармандии фарҳангии минтақа ба ҳисоб мерафт ва он ҳамчун як ҷузъи либос омӯхта мешуд [10]. Маҳсулоти дастони ин ҳунармандон дар дигар олот, аз қабили ашёи рӯзгор, хоса — аслиҳа ва ғайра дида мешуд. Ороиши заргарии аслиҳа мартаба ва унвони дорандаи онро таҷассум ва таъкид мекард. Маснуотҳои сохтаи заргарон, пеш аз ҳама — як намуди алоҳидаи санъати ороишиии амалӣ ба ҳисоб мераванд, ки баъдтар онро дар ҳамбастагӣ бо либос истифода мекарданд.

       Дар санъати заргарии мардум хурофот, меъёрҳои зебоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, анъанаҳо, таърих инъикос меёбад. Ороишоти заргарӣ таҷассумгари олами таҳаввул, орзӯю ҳавас ва афсонаҳои халқ буданд. Онҳо ҳадафи бештар мафхуми таффакури — сехри доранд. Ба ақидаи мардум, ороишоти заргарӣ ҳимоя аз чашми бад, гарави тансиҳатӣ, боигарӣ ва хушбахтист, онҳо нишони ҷойгоҳи хосаи иҷтимоии шахс аст.

Таърихи заргарии халқ на танҳо қадим аст [2, 3, 6-8], бешубҳа, ҷузъи муҳими таърихи ӯст. Аз ин сабаб таҳқиқи санъати заргарии халқи тоҷик аҳамияти хосаро касб мекунад. Ин алалхусус, дар соли 2018, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, муҳим аст. Таҳқиқоти санъати заргарии халқ барои рушди ин соҳаи фарҳангу ҳунари мардум мусоидат мекунад.

Муҳаққиқон ду марҳилаи асосии рушди санъати заргарии тоҷиконро ҷудо мекунанд: давраи тоисломӣ ва исломӣ [10, 11]. Агар барои давраи тоисломӣ бо мураккаби мазмуни таносуб ва нақшҳо, тасвири ҳайвоноту параандаҳо, ба амсоли оҳую барзагов, аспу бӯз, гусфанду саг, хуку гурба, уқобу боз, кабку тазарв, ки қисмашон таъинти муқаддассотӣ (сакралӣ) доштанд, маълум бошад, дар давраи исломӣ бошад, ороишот аз ин тасвирҳо қариб орӣ буда, нақшҳои қолабии беҷон, ҳилол, тарҳи растаниҳо доштанд.

Санъати заргарии мардуми Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла тоҷикон, дар асарҳои Богомолов Г.И., Борозн Г.Н., Негматуллаева Е.Ю., Фахретдинова Д.А., Чвир Л.А., Широков З.А., Широнина Е. ва дигарон [4, 9, 11, 12, 13] таҷассум ёфтааст. Мавриди омӯзиши хоса давраи анҷоми қарни XIX – оғози қарни XX қарор гирифта аст, зеро ин давра бо як қатор хусусиятҳои хеш фарқ мекунад ва замони рушди қавии ин санъат ҳисобида шудааст

Санъати заргарии мардуми Тоҷикистон ҳанӯз аз ҷониби нахустин муҳаққиқони Россия (қарнҳои XVIII-XIX), ки дигар ҳадафҳо низ доштанд, мавриди таҳқиқ қарор дошт. Олимони рус Ефремов Ф., Назаров Ф., Бичурин Н.Я. [3] хусусиятҳои рушди ин санъатро аввалин шуда ба оламиён муаррифӣ карданд.

Таҳқиқотҳои густурдаи санъати анъанавии заргарии мардуми Тоҷикистон алалхусус аз ҷониби олим­-этнограф ва бостоншинос Чвир Л.А. [12] анҷом дода шудаанд. Дар асари пурқимати ӯ хусусиятҳои санъати заргарии тоҷикон дар давраи қарни XIX – оғози қарни XX мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифта аст. Ин асар то ҳол қимати худро гум накарда аст.

Маҳз Чвир Л.А. аввалин шуда маҷмааи ороишоти заргарӣ, нақшҳо, таснифи онҳоро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, алалхусус мавқеи вазифавии онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода аст. Ӯ нахустин шуда дар таҳқиқоти худ усули омори (статистикиро)  истифода карда, қонуниятҳои қолабии ороишиотро дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кашф карда аст. Ин усул дар таърихи омӯзишҳои этнографӣ-ҳунарӣ беҳамто буда, қонуниятҳои навро кашф намудааст.

Ҳафриёти қадима дар мавзеи Фарғонаи Ғарбӣ, бозёфти Амударё, будубошти Суғдиён (“минтақаи тиллоӣ”), масири Роҳи абрешим (Помири Шарқӣ, Бозордара) таърихи бою ғанӣ ва нотакрор доштани санъати заргарии тоҷиконро собит кардаанд.

Ороишоти қадима дар замонҳои Қушониён (мавзеи Тилло-теппа), Бохтариён, Тохаристон (мавзеи Лахш), қарнҳои VII-VIII (Кофирқалъа), қарнҳои IX-XIII (Маворуннаҳр), қарнҳои X-XII (Лағмон) маълуму машҳур буданд [1, 7-13].

Таҳқиқоти Негматуллаева Е.Ю. [9] нишон доданд, ки ҳанӯз дар замони қарнҳои IV т.м.-IV санъати заргарӣ дар Осиёи Марказӣ маъмул буда, барои бою ашрофон хизмат мекард.

Санъати заргарии тоҷикон таърихи хело қадима дошта, дорои анъанаҳои хос аст. Он дар тули асрҳо дар натиҷаи алоқаҳои таърихию фарҳангӣ ва иҷтисодӣ рушд ва сайқал ёфта аст. Маҳсулоти заргарӣ дар ибтидо чун маводи маросимӣ­-эъҷозӣ, ки одамро (соҳибашро) аз таъсири бади беруна эмин нигоҳ медорад, маҳсуб меёфт. Чунин таъиноти муқаддасотӣ (сакралӣ) ҳанӯз аз аёми пайдоиши онҳо вуҷуд дошт ва то ҳол он гум нашудааст.

Санъати заргарии халқи мо дар тули ҳазорсолаҳо таҳаввулоти назаррасеро аз сар гузаронидааст [5, 14]. Онхо алалхусус шаклан ташаккул ёфтанд. Дар қарнҳои V-VI шаклҳои асосии маҳсулоти заргарӣ доира, курра, байза ва дурдона буданд, ки дар зери таъсири санъати қушониён, ки бо рамзу наҳшҳои хос маълуманд, қолаб гирифтанд.

Баъдан, дар қарнҳои V-VIII таъсири санъат ва ҳунари анъанавии сосониён мушоҳида карда мешавад. Дар ин давр ороишоти барои даст ва гардан таъиншуда бештар вомехӯранд.

Ориоишоти қарнҳои VII-VIII (оғози асрҳои миёна) бо шаклу намуди муғлақу кунгурадор, нақшҳои бо растанидошта фарқ мекунанд. Дар анҷоми ин давр шаклҳои ҳилол ва давра бештар маъмул мегарданд.

Бо оғози истилои араб дар санъати заргарӣ тайиротҳо ба вуҷуд меоянд. Гарчанде,  ки дар ороишоти давраи қарнҳои IX-XI ҳанӯз анъанаҳои тоисломӣ боқӣ буданд, вале баъдан онҳо бо нақшҳои нав иваз шуданд. Тадриҷан хушнависӣ (каллиграфия) чун нақш торафт маъмул гашт, тасвири одами зинда аз байн рафта, тасвири наботот расм шуд. Шаклҳои ороишот чор ва шашкунҷа шуда, бештар ангуштарӣ ва ҳалқаю дастпона маъмул гаштанд. Аҳён шаклҳои (рамзи) паррандаю даррандаҳои афсонавӣ (бозу уқоб ва шери одамсимо), ғадаи растаниҳо дар ороишот истифода мешуданд. Шакли ҳилол торафт маъмул гашт.

Қарнҳои XVI-XVII давраи рушди баавҷи ҳунари заргарӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра шаклҳои гуногуни нақшу нигор, балки истифодаи сангҳои қимматбаҳо дар ороишоти заргарӣ пайдо шуд, ки ин падидаи ҷадид буд. Шакли расму хатҳо, таносубу ҷойгиркунии онҳо гуногун ва ғанӣ шуданд.

Санъати заргарии тоҷик аз таҷрибаи бойи санъати мардуми Ҳинд, Кавказ, Россия, Хитой, ки тавассути алоқаҳои тиҷоратӣ дастрас мешуданд, ғанӣ мегашт.

Давраи шӯравии ташаккули санъату ҳунари заргарии тоҷикон марҳилаи хоса башумор меравад. Инқилоби бузурги сотсиалистии соли 1917 дар ташакулёбии санъати заргарии тоҷикон нақши махсусеро бозидааст. Дар ин давра дар баробари сохтории тарҳи нави давлатдорӣ, ворид шудани технологияҳои нав барои истеҳсоли ҳама гуна намудҳои коркарди мавод шароит фаровон ва бою ғайриоддиеро ба вуҷуд овард. Пайдоиши роҳу услуб ва техникаю технологияҳои нав дар истеҳсоли маснуотҳои заргарӣ дар ин давра барои ташаккулу рушди ҳунару санъати заргарӣ нақши калонро бозид.

Мутаасифона, таърихи ҳунари заргарии асри ХХ, алалхусус давраи шӯравии он, дар сатҳи зарурӣ ва кофӣ таҳқиқ нашудааст. Хусусияти ин давр он аст, ки намунаҳои маҳсулотҳои заргарии минтақаҳои кишвар, ки оҳиста-оҳиста бо сабабҳои гуногун аз байн мерафт, ҳифз ва омӯзиш намешуданд, ҳунармандони заргар – доранда ва барандаи ин ҳунарҳои мардумӣ чун ҳунарманди ноёбу касбӣ ба қайди махсус гирифта намешуданд. Ба виҷа, бо маҳдуд намудани имконияти фаъолияти ҳунармандон­-заргарони миллӣ, бо таври сунъи зиёд намудани ҳаққи андозбандӣ, фарҳангу ҳунари миллӣ тадриқан фаромуш, сутурда ва аз миён рафт.

Дар давраи зикршуда, хушбахтона аҳён-аҳён заргарони дорои хотираю таҷрибаи халқӣ-миллӣ фаъолият доштанд. Вазъи заргарон- ҳунармандони миллии ватаниро дар қиёс бо заргарони Россия, ки озодии фаъолият ва имконияти эҷоди фаровон доштанд, тасаввур кардан мумкин аст. Ҳунармандони заргари Россия дар ин замон (аз қарни XV сар карда) ба қайди махсус гирифта мешуданд, маҳсулотҳои сохтаи онҳо бо номтамғаи шахсии онҳо тамғагузорӣ мешуд. Дар баробари ин, дар кадом сол ва бо кадом намуди металлҳои қиматбаҳо кор кардану намудҳои маснуотҳои заргарон дар Россияи шӯравӣ дарҷ мегардид. Ин чораҳо барои ба насли оянда мерос гузоштани ҳунару малака ва иттилооти фарҳангии ҳунари заргарӣ мусоидат мекарданд.

Дар баробари рушди назарраси заргарӣ дар замони шӯравӣ, баъзе маъракаю чорабиниҳо ва амалиёте буданд, ки барои рушди саъати миллии зарагрӣ монеа эҷод мекарданд ва ё онро маҳдуд менамуданд. Ташкил намудани фабрикаҳои махсуси истеҳсоли маснуотҳои ороишию армуғонӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани намудҳои нави маснуотҳои дастрас аз металлҳои ранга, аз як тараф ҳадафи хуб, яъне қонеъкунии талаботи мардум буд, аммо аз дигар ҷониб сабаби фаромӯш шудани ҳунари анъанавии милӣ гардид.

Дар замони Истиқлолияти миллӣ имконият ва шароити нав барои рушди санъати заргарӣ пайдо шуд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санъати заргарӣ мақоми хосаро касб хоҳад кард. Таърихи бою қадим, анъанаҳои нотакрори ниёгон имконият медиҳад, ки ин санъати шаклан ва мазмунан миллӣ такомул ёфта, ба зинаҳои баланди рушди худ расад.

Мутаасифона, то имрӯз қисми зиёди аҳолии кишвар аз таърихи ғанӣ ва қадими заргарии миллӣ ошно нестанд, аз фарҳанги заргарии ниёгони мо огоҳии зарурӣ надоранд. Аз ин сабаб, мардум, алалхусу, бонувони мо бештар ба маснуотхои ороишии хориҷӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, онҳоро харидорӣ мекунанд, дар ҳоле, ки маснуотҳои милли мо дорои анъанаҳои бехтарини ҷаҳонӣ буда, аз чунин маҳсулоти хориҷӣ чи сифатан ва чи табиатан (аз лиҳози асилии мавод, металл, хӯла , сангҳо қимматбаҳо) бартарии баҳснопазир доранд. Ноогоҳ будан аз таърих барои баранда ва тақвиятдиҳанда будани фарҳанги миллӣ монеаи бузургест, ки онро бояд ҳатман бартараф кард.

Таърихи халқу Ватан, осори бою қадимаи ҳунару санъати ниёгон ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонист. Таърихи ҳунари заргарии миллати тоҷик чун қисмати таърихи умум – ҷузъи фарҳанги иттилоотӣ маҳсуб меёбад.

Рӯйихати адабиёти истифодашуда

  1. Ашрафи М.М. Таджикско-персидская поэзия в миниатюрах XIV-XVII вв.-Душанбе: Ирфон, 1974. -127 с.
  2. Бируни А. Собрание сведений для познания драгоценностей (Минералогия). -М.: Изд-во АН СССР, 1963. -549 с.
  3. Бичурин Н.Я. Собрание сведений о народах, обитавших в Средней Азии в древние времена: В 3 т. -M.;JL: Изд-во АН СССР, 1950-1953.-Т.1, -1950.-382 е.; Т.2.-1950.-335с. Т.3.-1953.-327 с.
  4. Богомолов Г.И. Из истории ювелирного искусства Чача// ИМКУ, -2002.-Вып,33. -С.173-180.
  5. Гафуров Б.Г. Таджики. -Душанбе: Ирфон, 1989.-Т. 1, 2-384 с.; 1989.-Т.2. -480 с.
  6. Древности Таджикистана. Каталог. Душанбе: Дониш, 1985.-344 с.
  7. Кильчевская Э.В., Негматов Н.Н. Находки ювелирных изделий из Шахристана// СА.- 1964.- №3.-С.238-246.
  8. Материальная культура таджиков верховьев Зеравшана. -Душанбе: Дониш, 1979.-298 с.
  9. Негматуллаева Е.Ю. Ювелирное искусство Средней Азии в древний период (IV в. до н.э.-IV в. н.э.), Автореферат канд. дисс., -Самарканд, 1989.-20 с.
  10. Умарова З.Х. История развития ювелирного искусства таджиков. Дисс… канд.ист.наук.Душанбе, 2009. – 256 с.
  11. Фахретдинова Д.А. Ювелирное искусство Мавереннахра// Художественная культура Средней Азии IX-XIII века. -Ташкент, 1983.-С.49-68.
  12. Чвырь JI.A. Таджикские ювелирные украшения. -М: Наука, 1977.-125 с.
  13. Широнина Е.С. Ювелирные украшения Узбекистана и Таджикистана конца XIX-начала XX вв.: (из собрания Государственного музея Востока). -М., 1992.-31 с.
  14. Якубов Ю.А. Паргар в VII-VIII вв. н.э.: Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья. Душанбе: Дониш, 1979. – 218 с.

           Назирматов А.