Эълон шудан аз якуми январи соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”. Аз тарафи  Асосгузори  Сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва озод намудани ҳунармандон аз андозсупорӣ барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ такони хубе мебошад.

Барои  ҳунармандон ин иқдом  боиси муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён хоҳад гашт. [7,с.29]

Маҳсулоти кулолии усто Халиқова С. (минтақаи Кулоб с.1940 лои сурх,  ангоб, нақшу нигор)

Кулолгарӣ санъатест, ки маводи он  ба воситаи пухтани лой ва махлутҳои он бо иловаи нуриву, оксиди металлҳо ва дигар пайвастагиҳои ғайриорганикӣ ба даст оварда мешаванд. Чӣ хеле ки маълум аст, хок ва  сафол дар ҳаёти инсоният мавқеи махсусеро дорост. Хок, пеш аз ҳама, яке аз унсурҳои асосии пайдоиши ҳаёт дар рӯйи замин аст. Инчунин гил, ки асоси кулолгарӣ ба шумор меравад, аввалин маводи табиие мебошад, ки инсон ба даст овардааст. Минбаъд хеле  серистеъмол гардидаст. Гилро инсон қариб дар аксарият ҳолатҳои зиндагӣ мавриди истифода қарор медод. Таърихи инсоният истифодаи гилро аз тахтачаҳои лойии Байнаннаҳрайн, ки барои ифодаи хатҳои мехӣ истифода шуданд, сар карда буданд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар чандин мавзеъ ҳатто гилро ҳамчун хӯрок истифода мебурдаанд. Масалан, мардуми Шарқ дар хӯрокашон “равғани замин”- лойи сафедро истифода  мекарданд. Вайро бо шири гавазн ҳамроҳ карда мехӯрданд ва ё ба оби гӯшт ҳамроҳ менамуданд. Ҳазрати Саъдӣ низ истифодаи гилро ҳамчун маводи беҳдошти хеле хуб ва шоирона ифода кардааст:

Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,

Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,

Ки аз бӯи диловези ту мастам.

Бигуфто ман гили ночиз будам,

Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,

Валекин ман ҳамон хок, ки ҳастам.

Дар замони қадим анвои собунҳои хушбӯ мавҷуд набуданд, мардуми қарияҳо деги пуробро бо чанд доман барги гул ва аз замин — гил пур мекарданд. Баъди соатҳои дароз ҷӯшидани об, ки бо гилу гул омехта буд як навъи моддаи шустушӯӣ  ба амал меомад, ки онро ҳамон замон собуни хушбӯй меномиданд.

Маҳсулоти кулолии устоҳои  ш. Конибодом (лойи сурх, ангоб, глазурҳо нақшу нигор)

Тарафи дигар ва  муҳими масъаларо мебояд намуд, ки маҳсулоти кулолгарӣ дар фарҳанги бойи тоҷикон ҳамчун ифодакунандаи ҳолати рӯҳӣ, инъикосгарӣ муносибати рӯҳии одамон буд. Мо шоҳиди онем, ки олимони бузург ба воситаи тасвири маҳсулоти кулоли ва фикрҳои ҳокимони худро хеле нозукона  баён сохтаанд. Рубоиёти машҳури олим, шоир ва мутафаккири бузурги шарқ Умари Хайёми Нишопурӣ мисоли барҷастаи ин гуфтаҳост.

Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд,

Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигморанд.

Ҳаргиз назананд мушту силиву лагад,

Хоки падарон аст, накӯ медоранд.

 

Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш

Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамуш.

Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:

“Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш”.

Вақте ки инсон пӯхта тавонистани гилро кашф кард, доираи истифодаи вай маротибе чанд карат афзуд. Тавассути қобилиятҳои беназири худ (сафол занг намезанад, нисбати металл дар ҳарорати баланд тобовар аст) имрӯз сафол дар истеҳсоли маҳсулоти муосир мавқеи хосаро ишғол карда истодааст.

Алҳол кулолгарӣ ҳамчун маводи индустриалӣ (дар мошинасозӣ, таҷҳизотсозӣ, саноати ҳавопаймоисозӣ ва ғайра) маводи сохтмонӣ бадеӣ,  чӣ дар илм ва чӣ дар тандурустӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Ҳангоми гарм кардан (пӯхтан) оби дар таркиби гил мавҷудбуда буғ мешавад ва   моддаи дигар – сафол (керамика) . Чӣ қадар ҳарорат барои пӯхтани гил паст бошад, ҳамон қадар раванди он тӯл мекашад.

Сафол (керамика) якчанд навъ дорад. Вобаста ба таркиб он метавонад шишамонанд (сафолаки майдадона) ва метавонад дағал( сафолаки калондона) шавад.

Шаклҳои асосии сафоли маҳин ин – фарфор, нимфарфор, фаянс ва кошӣ (майолика) мешавад. Сафоли дағал бошад ин  сафоли кулолгарӣ (шамот) аст.

Кулолгарӣ имрӯз дар саноати электротехника, бинокории химиявӣ, меъмории тиббӣ ва истеҳсоли зарфҳои гуногун хеле васеъ истифода мешавад. Дар истеҳсоли маҳсулоти бадеӣ низ кулолгарӣ нақши хеле калон дорад.

Кулолгарии бадеӣ ин истеҳсоли бадеӣ аз лой ва дигар ашёи минералиеро,   ки аз лой асос ёфтааст,  дар бар мегирад. Ба ин намудҳои монументалӣ, ба мисли  лавҳҳои пурнақшу нигор,  ҳайкалҳо, зарфҳои кулолӣ, гулмонакҳо ва монанди ин дохил мешаванд.

Маҳсулоти кулолгарӣ аз таъсири фазоӣ (атмосферавӣ)  эмин аст. Агар имконияти нигоҳдории хуб таъмин гардад, метавонад, асрҳо хизмат намояд. Аз ҳамин сабаб аст, ки таърих намунаҳои санъати кулолгариро  дар шаклҳои гуногун – гоҳо дар  шаклҳои ашёи хурди аз лой сохташудаи олами сеҳри қадима то маҳсулоти нозуки фахфурӣ (чинӣ) нигоҳ доштааст. Маданияти Осиёи Миёна ин пеш аз ҳама маданияти  кулолгарӣ, косибӣ  ва бофандагӣ аст.

Таърихан, дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон марказҳои бадеию табиӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара,  Кӯлоб, Ҳисор, ноҳияҳои ҷануби Помир, деҳаҳои Шӯрообод, Даштиҷум (Кӯлоб), Чоркӯҳ ва Урметан дар Суғд кулолгарӣ хизмати сазоворе кард. Дар рушди хатти мехӣ, ислом (хушнависиҳои ороишӣ), унсури расмии даврӣ ва анъанаҳои динӣ (аломатҳо) ва илова бар ин дарбаргирандаи асоси моддӣ дар биносозии ҳар навъи меъморӣ будааст. Кулолгарии бадеӣ ҳамеша асоси истеҳсоли ҳунармандӣ ва санъати навовариро ташкил медод. [5,с.109]

Дар ҳоли ҳозир кулолгарӣ мисли пештара дар саноати мошинсозӣ, саноати ҳавопаймоисозӣ, асбобсозӣ, меъморӣ, бинокорӣ, нақлёти ҳавоӣ

Маҳсулоти устоҳои кулолии Исфара (Чоркуҳ) асри XX (лои сурх,  ангоб, глазурҳо нақшу нигор).

ва обӣ, тиб, истеҳсоли гаджет, маҳсулоти маишӣ ва санъат, чун ашёи хом истифода мешавад.

Дар даҳсолаи якуми асри XXI бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд барнома, қонун, консепсияе, ки мушкилоти ҳунармандиро таҷассум мекард, қабул гардид. Ба ин мисол шуда метавонад: “Консепсияи рушди фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30.12.2005, № 501, “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2008 то 2015 аз  03.03.2007, №85, “Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2009 то 2015 аз 31.10.2008, № 513 ва ниҳоят “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2018. Дар чунин марказҳои анъанавии истеҳсоли кулолгарӣ ба монанди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Исфара, Рашт ва деҳаҳои Чоркӯҳу Қариятоқ, ВМКБ ва дигар марказҳо донандаи гурӯҳи кулолгарон ҳоло дар амал ба ин ҳунари қадимӣ камтар даст мезананд. Сабабаш ин аст, ки бо пайдо шудани маҳсулоти пластмасӣ маҳсулоти кулогарӣ қимати худро гум кард, чунки устоҳои кулолгар бо сабаби арзон будани маҳсулоти пластмасӣ, маҳсулоти қимати истеҳсолнамудаи худро ба фурӯш бароварда наметавонанд. Ба ғайр аз ин кулолгарон наметавонанд хароҷоти кори худро бароранд. [5, с.111]

Ба ин нигоҳ накарда истеҳсоли кулолгарии тоҷикон дар марҳилаҳои таърихии худ ҳама давраҳо пешрафти худро аз сар гузаронид: аз кулогарии хонагӣ то истеҳсолоти замонавии муосир.

Дар асри XX истеҳсоли кулолгарӣ бо пуштибони аз давлат натанҳо фарҳанги миллии тоҷикон, балки дар асл хоҷагии мардумӣ гардида буд.

Дар он замон наздикшавии ҳунармандони тоҷик бо дигар халқҳо дар шакли сохтори ягонаи Шӯравӣ мусоидат кард, табодули васеъ дар соҳаи намоиши соҳавиро баровард ва кулолгариро ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт.

Таҷрибаи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мазмуни аслии кори кулолгарӣ бо якҷоягии истеҳсолоти саноатӣ, касбӣ ва эҷодии мардумӣ мунтаҳо дар ҳаёти иҷтимоию — иқтисодии мамлакат бо нигоҳдошти махсусияти анъанаву фарҳанги тоҷикон вай бояд нақши асосиро бозад. Кулолгарӣ дар болоравии худшиносии миллӣ бо нерӯи махсусияти истифода ва бавуҷудоварӣ сарчашмаи маълумотӣ барои таърихи фарҳанги миллӣ мегардад. [6,с.14]

Маҳсулоти кулолии  устоҳои ш.Хуҷанд асри ХХ (лои сурх,  ангоб, глазурҳо нақшу нигор)

 

 

Адабиёт:

  1. Гулямова Э. Штампованная керамика Хулбука. //Материальная культура Таджикистана. Вып.2.- Душанбе,1971.-С.143-155.
  2. Додхудоева Л. Из истории реставрации гисарского заповедника “Кальаи Хисор”. //(Муаррих историк) Душанбе 2014-№2, С.32-36.
  3. Ершов Н. Н. Каратаг и его ремесла -Душанбе, 1984.Дониш.
  4. Илхомова С.Художник-керамист Ашур Мухаммад Мамасолиев // Санат. -№1, 2002.-С.13-15.
  5. Народное искусство Таджикистана./ Ред Р. Масов. составители: Р.Масов, Р Н.Юнусова., Л.Додхудоева / Душанбе, 2012.

Мақолаи маҷаллаи илмӣ

  1. Одинаев Б. Санъати кулолгарии тоҷикон. “Мероси ниёгон”, “Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон”. Душанбе  — №1(19).- 2017.-С109-111.
  2. Одинаев Б. Из истории развития керамического производства таджиков Вестник Педагогического университета. Издание Таджикского государственного педагогического института им. С. Айни. — №6(61), -Душанбе-С. 70-73.

Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ

  1. Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 то 2015 аз10.2008. №513.
  2. Консепсияи рушди фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз12.2005.№501.
  3. Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ш.Душанбе, 22.12. соли- 47с.

КУЛОЛГАРИ ЯКЕ АЗ РАВАНДҲОИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Шарҳи мухтасар. Ташаккули кулолгарӣ тӯли сайри таърихӣ бо дигар соҳаҳои фаъолияти башарӣ бешак робитаи ногусастанӣ дошт. Тавсифи техникиву минтақавии он то кунун ҷиҳати гузаронидани пажӯҳишҳои таърихӣ, бахусус ҳарфиётӣ, фарҳангӣ ва таҳқиқоти этнологӣ дар ҳалли  масоили алоҳидаи пайдоиши халқи тоҷик нишонаҳои муайянкунандаи асосӣ маҳсуб меёбанд.Тарафи дигар ва  муҳими масъаларо мебояд намуд, ки маҳсулоти кулолгарӣ дар фарҳанги бойи тоҷикон ҳамчун ифодакунандаи ҳолати рӯҳӣ, инъикосгарӣ муносибати рӯҳии одамон буд.Кулолгарӣ имрӯз дар саноати электротехника, бинокории химиявӣ, меъмории тиббӣ ва истеҳсоли зарфҳои гуногун хеле васеъ истифода мешавад. Дар истеҳсоли маҳсулоти бадеӣ низ кулолгарӣ нақши хеле калон дорад. Маҳсулоти кулолгарӣ аз таъсири фазоӣ (атмосферавӣ)  эмин аст. Агар имконияти нигоҳдории хуб таъмин гардад, метавонад, асрҳо хизмат намояд. Аз ҳамин сабаб аст, ки таърих намунаҳои санъати кулолгариро  дар шаклҳои гуногун – гоҳо дар  шаклҳои ашёи хурди аз лой сохташудаи олами сеҳри қадима то маҳсулоти нозуки фахфурӣ (чинӣ) нигоҳ доштааст. Маданияти Осиёи Миёна ин пеш аз ҳама маданияти  кулолгарӣ, косибӣ  ва бофандагӣ аст. Таърихан, дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон марказҳои бадеию табиӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара,  Кӯлоб, Ҳисор, ноҳияҳои ҷануби Помир, деҳаҳои Шӯрообод, Даштиҷум (Кӯлоб), Чоркӯҳ ва Урметан дар Суғд кулолгарӣ хизмати сазоворе кард.

Калидвожаҳо: Кулол, кулолгар, кулолгарӣ, ҳунар, фарфор, фарҳанг, гил, ҳунрҳои мардумии  Тоҷикистон. 

КЕРАМИКА – РАЗНОВИДНОСТЬ НАРОДНОГО РЕМЕСЛА

Аннотация : Керамическое ремесло никогда не развивалось  изолированно, а на протяжении всего исторического периода находилось в тесной связи с другими сферами человеческой деятельности. Его технические и региональные характеристики, остаются по сей день важными атрибутивными признаками при проведении исторических исследований, в частности археологических, культура ведических   и этнологических изысканий. В статье авторы освещают национальные особенности развития керамического искусство таджикских ремесленников. 

Ключевые слова: керамика, керамическое искусство, глина, мастерство, фарфор,  ремесло,  национальная культура Таджикистана.

                    “The ceramic is a variety of people’s handicrafts”

Abstract: The ceramics handicraft never developed isolates, but in an extend all of the historical period considered in a close connection with the other human spheres activities. It’s technic and regional character stay’s this day significant attributive specter  find out historic research in particular archaeology, cultural and refined ethnology. In the article  author illumination the national peculiarity  to develop the Tajik ceramic handicraft art. It is necessary to  show another and important side of the problem that the ceramic production was in the rich culture of the Tajiks by the expression of the state of the soul by the separation of peoples emotional relations.

Ceramics  today  is very widely used in electrical engineering,  chemical construction and the production of various dishes.  In the production of artistic products, ceramics play a very protected from atmospheric in financer. If you provide good care than it will last for ages. For this reason history has preserved samples of ceramic art in numerous species, some times from small raw species from the clay of the magical ancient world to fragile earthen ware. Culture of central Asia is primarily a ceramic culture, craft and weaving.

Historically on the territory of present-day Tajikistan there were art and natural centers.

In the cities of ceramic products.

In the cities of Kanibodam, Khujand, Istaravshan,  Penjikent, the  villages of shurabad, Dushtijum, (Kulyab) chorkuh and Urmetane in Sughd, ceramic played a worthy  service.

Key words: ceramic, the ceramic, arts, clay,  skill, (mastership),  china                  (porcelain), the national culture of Tajikistan. variety of people’s handicrafts.

Сведения об авторах : Одинаев Бахтиёр Эмомалиевич- кандидат исторических наук, проректор по науке и творчеству. Государственного  института изобразительного искусства и дизайна Таджикистана

Email: Odinaev Bahtiyor 64@mail.ru

Исупова Рузафзун Айнуллоевна  —  заведущей отдела магистратуры и аспирантуры  Государственного  института изобразительного искусства и дизайна Таджикистана. тел: 935819815

Одинаев Б. Э. , Исупова Р. А.